Wn/tg/Арзёбии хушунатҳо дар Афғонистон: “Ҳар рӯз 16 кас кушта ваё захмӣ мешавад”
Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Арзёбии хушунатҳо дар Афғонистон: “Ҳар рӯз 16 кас кушта ваё захмӣ мешавад”
Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳар рӯз дар Афғонистон 16 фарди мулкӣ кушта ваё захмӣ шудаанд. Ба ҳисоби ин созмон, дар шаш моҳи аввали сол дар натиҷаи 880 ҳодисаи амниятии ҷудогона дар маҷмӯъ 1213 мулкӣ кушта ва 1744 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора дар гузориши рӯзи 14 июли комиссиюн навишта шудааст. Дар гузориш омадааст, ки дар қиёс бо соли гузашта талафот дар миёни мардуми мулкӣ 11 дарсад кам шудааст. Бино ба арзёбиҳои ин созмон, 48,5 дарсади ҳодисаҳои марбут ба талафоти мардуми оддиро Толибон анҷом додаанд. Дар 15,5 дарсади ҳолатҳо нирӯҳои ҳукуматӣ, 6,3 дарсад - гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва 2,3 дарсад – нирӯҳои байналмилалӣ сабабгори хисорот будаанд. Ҷудо аз ин ҳисоб шудааст, ки дар 26,7 дарсади ҳолатҳо ҳамлагарони номаълум гунаҳгор будаанд. Рӯзи 14 июл дар таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар шарқи Кобул дастикам чор мулки кушта ва чор нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон, маҷрӯҳ шудаанд. Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромарз гуфт, ки қурбониҳо аз минтақаи Суробӣ убур мекарданд, ки дар роҳ ба бомба бархӯрданд.