Jump to content

Wn/tg/Аввалин мунозираи интихоботӣ байни Трамп ва Байден баргузор шуд

From Wikimedia Incubator
< Wn | tg
Wn > tg > Аввалин мунозираи интихоботӣ байни Трамп ва Байден баргузор шуд

Аввалин мунозираи интихоботӣ байни Трамп ва Байден баргузор шуд

Нахустин мунозираи телевизионии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ сешанбеи 29-уми сентябр, 35 рӯз қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, баргузор шуд. Ба сабаби паҳншавии коронавирус, ду номзади интихоботи президентӣ дар оғози мунозира аз даст додан бо якдигар худдорӣ карданд.

Кристофер У. Уоллес, хабарнигори шабакаи "Fox News" муҷрии ин мунозира буд. Бар асоси қуръакашӣ, Доналд Трамп ин мунозираро оғоз кард. Нахустин суол дар бораи додрас Эми Конӣ Баррет буд. Доналд Трамп дар посух ба ин пурсиш гуфт, "мо дар интихобот пирӯз шудем ва ҳаққ доштем номзади узвияти Додгоҳи олиро муаррифӣ кунем".

Эми Конӣ Баррет рӯзи шанбеи 26-уми сентябр ва ҳашт рӯз баъд аз марги Рус Бадер Гинсбург додраси Додгоҳи олии Амрико, аз сӯи Доналд Трамп муаррифӣ шуд. Ҷо Байден дар посух гуфт, ин ҳаққи мардум аст бо раъйи худ раиси ҷумҳури ояндаро интихоб кунанд ва ӯ мебоист номзади Додгоҳи олиро муаррифӣ кунад.

Дар бахши дигаре аз мунозираҳои номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ, муҷрӣ аз Доналд Трамп дар бораи гузоришҳои ахири рӯзномаи "Ню-Йорк таймз" пурсид. Кристофер У. Уоллес пурсид, оё ӯ дар солҳои 2014 ва 2017 чӣ қадар андоз пардохтааст? Доналд Трамп дар посух гуфт, ки ӯ миллионҳо доллар андоз пардохтааст.

Аммо муҷрӣ бори дигар таъкид кард, ки ба таври мушаххас чӣ миқдор дар солҳои 2016 ва 2017 андоз пардохт кардаед. Доналд Трамп дар посух таъкид кард, ки дар ин ду сол "миллионҳо доллар андоз пардохт" кардааст.

Доналд Трамп дар идомаи мунозира гуфт, ки чаро ҳамсари шаҳрдори Маскав 3,5 миллион доллар ба Ҳантер Байден, писари Ҷо Байден додааст. Ҷо Байден дар посух таъкид кард, муайян шуд, ки ин гузориш дуруст нест ва фарзанди ӯ ҳеҷ кори нодурустеро анҷом надодааст.

Мунозира бо баҳс дар бораи инки, номзадҳо натиҷаи раъйпурсиро хоҳанд пазируфт ё не, поён ёфт. Ҷо Байден возеҳ гуфтааст, ки бо рушан шудани натиҷаҳо, онро хоҳад пазируфт, аммо Доналд Трамп ба суол дар ин бора посух посухи рӯшан надодааст.

Мунозираи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико соати 21 ба вақти шарқи Амрико дар иёлати Огайо оғоз шуд ва 90 дақиқа идома кард. Ин мунозиар дар шаш меҳвар -- гузаштаи Доналд Трамп ва Ҷо Байден, Додгоҳи олии Амрико, пандемияи фарогир, иқтисод, эътирозҳои нажодӣ ва хушунат дар шаҳрҳо ва шаффофияти интихобот баргузор шуд.

Нигоҳе ба гузаштаи мунозираҳои телевизонӣ дар Амрико

Нахустин мунозираи телевизионии номзадҳои интихоботи президентии Амрико дар 26 сентябри соли 1960 байн Ҷон Кеннеди, номзади Ҳизби демократ ва Ричард Никсон, муовини раёсати ҷумҳурӣ ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ баргузор шуд. Ин мунозираро 70 миллион тамошо карданд. Дар ин интихобот Ҷон Кеннеди ба пирӯзӣ расид.

Вале пас аз ин интихобот, мунозираи телевизионӣ байни номзадҳои интихоботи президентӣ то соли 1976 баргузор нашуд. Аммо дар интихоботи президентии соли 1976 мунозираҳои телевизионӣ байни номзадҳо дигарбора доир шуд. Дар ин сол Ҷерал Форд, раиси ҷумҳури Амрико ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо Ҷимми Картер, номзади Ҳизби демократ мунозира кард. Дар ин интихобот Ҷимми Картер ба пирӯзӣ расид.

Чаҳор сол баъд дар соли 1980 Ҷимми Картер то Роналд Рейган, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ мунозира кард. Дар ин интихобот Ҷимми Картер шикаст хӯрд.

Мунозираҳои телевизионӣ байни номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико тайи чор даҳаи гузашта ба таври мунтазам идома доштааст.

Аввалин мунозираи интихоботӣ байни Трамп ва Байден баргузор шуд